Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрванди Узбекистон, соли таваллудаш 1979, талош дошт, 13 санҷобро ғайриқонунӣ аз Қирғизистон берун барад.
"Қафаси санҷобҳо дар се ҷузвдон ҷо дода шуда, болояшон ашёи дигар гузошта шуда буд. Шаҳрванди Узбекистон барои ба хориҷ бурдани санҷобҳо ҳуҷҷат надошт", - хабар доданд дар хадамоти гумрук.
Боздоштшуда ва санҷобҳо ба кормандони мақомоти масъул супорида шудаанд.