Тибқи фармон, ки дар сомонаи президенти Узбекистон нашр шудааст, ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ ва кормандони давлатӣ дар он кишвар аз 1 апрели имсол 7 дарсад зиёд мешавад.
Қарор аст, дар асоси фармони мазкур нафақаи 4,4 миллион шаҳрванди Узбекистон баланд шавад.
Дар Узбекистон бори охир нафақа 1 май ва маоши кормандони давлатӣ 1 июни соли гузашта баланд шуда буд.