Ссылки доступа

Зарардидагони Туркия дар хаймаҳои Қирғизистон дузандагӣ меомӯзанд


Вазири маорифи Туркия Маҳмуд Озер гуфт, дар хаймаҳое, ки дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия насб гаштаанд, давраҳои омӯзишии дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.

Видеое, ки вазири маорифи Туркия дар шабакаи иҷтимоии Твиттер нашр кард, нишон медиҳад, чи гуна занони зарардида аз заминларзаи ахир дӯзандагиро меомӯзанд.

"Мо дар хаймаҳое, ки аз Қирғизистон оварда шудаанд, омӯзиши дӯхтани либос ва ашёи дигарро ба роҳ мондем", - изҳор медорад яке аз омӯзгорон бо номи Филиз Теке.

Қаблан раиси ноҳияи Уксюдари Истамбул Ҳилмӣ Тюркмен хабар дода буд, ки дар вилояти Одиёмони Туркия 200 хаймаи овардашуда аз Қирғизистон насб гаштааст ва дар онҳо хонандагон дарс мехонанд.

Шаби 6 феврал дар ҷанубу шарқи Туркия ва шимолу ғарби Сурия замин ларзид. Шумори қурбониёни заминларза дар Туркия ба 50 ҳазор ва дар Сурия ба 6 ҳазор расидааст.

XS
SM
MD
LG