Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон бештари шикоятҳои марбут ба интихоботро рад кардааст


Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон дар робита ба қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихоботи вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллии ин кишвар ҷамъан 21 шикоят қабул кардааст.

Хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ додааст, ки 13 шикояти шаҳрвандон ба далели дар салоҳияти Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон набудани баррасии онҳо рад карда шуд.

"Бештари шаҳрвандон дар муроҷиатҳои худ талабҳоеро кардаанд, ки ба муқаррароти Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихобот дар Қазоқистон" рабт дорад", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ҳамчунин ду шикоят барои такмил бозпас гардонда шудааст. Панҷ шикояти боқӣ дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон гуфтааст, муроҷиати сокинонро танҳо дар мавриди мутобиқ будани Конститутсия бо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон дахл доранд, баррасӣ мекунад.

Дар Қазоқистон 19 март интихоботи пеш аз муҳлати вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд. Дар он танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷонибдори ҳукумат иштирок карда, аксари курсиҳоро ҳизби ҳокими "Амонат" соҳиб шуд. Бархе аз сокинон гуфтанд, дар ҳавзаҳои интихоботӣ қонуншиканиҳо, аз ҷумла раъй додани як нафар ба ҷои чанд касро мушоҳида карданд.

XS
SM
MD
LG