Ссылки доступа

Сохтани наҳр дар Афғонистон метавонад, мушкили обро дар Туркманистон бештар кунад


Амударья
Амударья

Тарҳи сохтмони наҳр дар Афғонистон, ки ҳаракати "Толибон" мехоҳад, аз оби Амударё амалӣ созад, мумкин аст, мушкили оби кишварҳои Осиёи Марказиро бештар кунад.

Ҳаракати "Толибон", ки Афғонистонро идора месозад, рӯзи 31 март аз оғози сохтмони наҳри Қуштеппа дар вилояти Балхи он кишвар хабар дод. Ин вилоят бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаммарз аст.

Наҳр ё канали мазкур аз вилоятҳои Ҷузҷон ва Фарёб мегузарад, ки ин ду вилоят бо Туркманистон ҳаммарз ҳастанд. Бино ба тарҳи сохтмон, дарозии наҳр 285 км, паҳноии он 100 метр ва умқаш 8 метр хоҳад буд. Ҳукумати Толибон нақша дорад, ки наҳри мазкурро давоми 5 сол созад.

Аз ҳоло огоҳиҳо садо медиҳанд, ки баъди ба истифода додани наҳр аз се як ҳиссаи оби ҳавзаи Омударё ба минтақаҳои шимоли Афғонистон меравад ва дар натиҷа кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Туркманистону Узбекистон гирифтори камбуди бештари об мешаванд.

Айни замон усули тақсими оби Омударё бар асоси Созишномаи Тошканд сурат мегирад, ки ин созишнома соли 1987 ба имзо расидааст. Созишномаи мазкур истифодаи оби ҳавзаи Омударёро миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба танзим медарорад. Афғонистон, ки шомили Созишномаи Тошканд нест, тасмим гирифтааст, ҳиссаашро аз Омударё соҳиб шавад.

Омударё, ки аз куҳҳои Ҳиндукуш оғоз меёбад, барои заминҳои кишоварзии Туркманистон манбаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

Сокинони минтақаҳои шарқии Туркманистон мегӯянд, дарёи Ому пештар хурушон ва тира буд, ҳоло об камтар ва ҷараёнаш оҳистатар шудааст.

Коршиносон дар Туркманистон мегӯянд, баъди ба истифода додани наҳр дар Афғонистон тамоми ҳудуди Туркманистон ба мушикил об гирифтор мешавад.

XS
SM
MD
LG