Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон аз "таҷдиди низоми сиёсӣ" хабар дод


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 29 март дар шаҳри Остонаи кишвараш ҷаласаи даъвати ҳаштуми порлумони кишварашро оғоз бахшид. Дар интихоботи рӯзи 19 март ҳизби ҳокими "Амонат" ва панҷ ҳизби дигари сиёсӣ шомили порлумон шуданд, ки аслан аз ҳукумат интиқод намекунанд.

Тоқаев дар суханрониаш талош кард, аз тасмими дастгоҳи президент ва тағйирот ба қонунгузорие ҳимоят намояд, ки ҳукумат онро тағйироти сиёсӣ унвон мекунад. Ин тағйиротро рақибони Тоқаев ислоҳоти зоҳирӣ меноманд, ки ба афзоиши қудрати Тоқаев равона шудаанд. Ба гуфтаи президенти Қазоқистон, ду тағйироти Конститсия дар соли 2022 имкони амалисозии "таҷдиди комили низоми сиёсӣ"-ро фароҳам овардааст.

"Акнун президент танҳо як давраи ҳафтсола интихоб мешавад. Салоҳият ва функсияи порлумон бозбинӣ ва нақши вакилон тақвият ёфт. Додгоҳи Конститутсионӣ таъсис шуд. Низоми додгоҳӣ комилан ислоҳ шуд", - гуфт Тоқаев.

Тоқаев қонуншиканиҳоро дар ҷараёни интихоботи ахири порлумонӣ шарҳ надод, аммо гуфт, дар интихобот "танқиди созанда ва ташаббусҳои барои оянда садо доданд".

Нозирони дохиливу байналхалқӣ гуфтанд, интихоботи порлумонӣ дар Қазоқистон бо қонуншиканиҳо ва аз ҷониби як нафар партофтани чанд барга дар қуттиҳо баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG