Ссылки доступа

Соҳибкорони қирғизистонӣ гуфтанд, бештар аз 500 мошинашон дар Белорус дар мондааст


Аз ибтидои сол бештар аз 500 мошине, ки мебоист, ба Қирғизистон расад, дар Белорус дар мондааст. Дар ин бора Дониёр Салякаев - як соҳибкори қирғизистонӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, гумруки Белорус иҷозаи ҳаракати қаторҳои ҳомили мошинҳои онҳоро намедиҳад.

"Маълум нест, бо чӣ сабабе иҷозаи ҳаракат намедиҳанд. Дар гумрук ба таври шифоҳӣ гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳоро месанҷанд. Аввал гуфта буданд, ки 15 март иҷозаи ҳаракат медиҳанд, акнун мегӯянд, ки охири апрел. Мо нигарони он ҳастем, ки барои таваққуф ва ё ҳамчун ҷарима маблағи калоне талаб хоҳанд кард", - гуфт Салякаев.

Вай илова кард, ки бо ин мушкил ҳамаи соҳибкороне гирифтор шудаанд, ки аз ИМА ва Аврупо ба Қирғизистон мошин ворид мекунанд.

Бо дархости соҳибкорон, сафири Қирғизистон дар Белорус бо раиси Кумитаи гумруки Белорус мулоқот кардааст. Дар Кумитаи гумруки Белорус гуфтаанд, шуруъ аз моҳи сентябри соли 2022 ҷониби Белорус ҳамаи мошинҳоеро месанҷад, ки қирғизистониҳо ба ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ворид мекунанд. Сабаби ин тафтиш кам нишон дода шудани қимати мошинҳое гуфта шудааст, ки қириғизистониҳо ворид месозанд.

Соҳибкорони қирғизистонӣ аз мақомоти кишварашон даъват карданд, ки мушкили онҳоро осон созанд.

Қирғизистону Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд, ки ин иттиҳод барои ҳамлу нақли озоди мол миёни кишварҳои узв таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG