Ссылки доступа

Сафари туркманистониҳо ба Қазоқистон мушкилтар шуд


Мақомоти Туркманистон талош мекунанд, ки сафари шаҳрвандони худро ба хориҷ аз кишвар маҳдуд кунанд. Акнун аз туркманистониҳое, ки ба Қазоқистон сафар карданӣ ҳастанд, талаб мешавад, то яке аз наздиконашон забонхат диҳад, ки онҳо ба кишвар бармегарданд.

Мақомоти туркман мегӯянд, ин иқдом ба он хотир гирифта шудааст, ки сафари шаҳрвандони он кишвар тавассути Қазоқистон ба давлатҳои севум афзоиш ёфтааст.

"Нисбат ба сокиноне, ки мехоҳанд бо раводид ба Қазоқистон сафар кунанд, бахусус қазоқтаборони Балкан, ки дар он кишвар хешутабор доранд, тақрибан 15 рӯз мешавад талаботи нав ҷорӣ шудааст. Яке аз хешовандони ин гуруҳи шаҳрвандон бояд тариқи нотариалӣ кафолат диҳад, ки онҳо ба кишвари севум сафар намекунанд ва дубора бармегарданд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 28 март.

Сокинон дар бораи талаботи нав танҳо баъди рафтан ба гузаргоҳи марзии Туркманистон бо Қазоқистон ва санҷиши иҷозатномаҳои Вазорати амнияти миллӣ ва Хадамоти муҳоҷирати он кишвар огаҳ мешаванд

Марзбонон ҳеч гуна қарори расмиеро дар бораи ҷорӣ шудани талаботи нав нишон намедиҳанд.

Мақомоти Туркманистон чанд сол мешавад, ки талош мекунанд, сафари шаҳрндони худ ба хориҷро маҳдуд кунанд. Ҳарчанд Конститутсияи ин кишвар равуои озодро барои сокинон кафолат додааст.

XS
SM
MD
LG