Ссылки доступа

Овозхонони аз Қазоқистон рондашудаи русиягӣ дар Тошканд консерт медиҳанд


Ожидается, что музыкальный фестиваль «Жара» должен состояться 23 мая этого года в одном из крупнейших парков Узбекистана «Новый Узбекистан» в Ташкенте
Ожидается, что музыкальный фестиваль «Жара» должен состояться 23 мая этого года в одном из крупнейших парков Узбекистана «Новый Узбекистан» в Ташкенте

Ба далели ҷанги Русия зидди Украина ва таҳримҳои ғарбӣ майдон барои ҳунарнамоии овозхонони Русия тангтар мешавад. Аммо шаҳри Тошканди Узбекистон барои ин овозхонон имкони ҳунарнамоӣ медиҳад.

Овозхонони русиягӣ, ки ошкоро аз ҷанги Русия зидди Украина ҳимоят мекунанд, таҳти таҳримҳои Ғарб ва бархе аз кишварҳои шӯравии пешин қарор гирифтаанд. Фестивали мусиқии русиро таҳти унвони "Жара", ки дар Озарбойҷону Қазоқистон манъ карда буданд, соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор хоҳад шуд.

Ин фестивал бо иштироки наздики 30 овозхони русиягӣ қарор аст, рӯзи 23 май дар шаҳри Тошканд баргузор шавад.

Дар эъломи ин чорабинӣ ташкилкунандагон навиштаанд:

"Эҳсосоти русҳаросӣ созмондиҳандагонро маҷбур кард, ки макони баргузории чорабиниро тағйир диҳанд: фестивали "Жара", ки мебоист рӯзҳои 9-12 март дар шаҳри Алмато баргузор шавад, ба шаҳри Тошканд кӯчонида мешавад. Сабаб - фаъол шудани русҳаросӣ миёни корбарони қазоқистонии шабакаҳои иҷтимоӣ".

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина бисёре аз овозхононе, ки аз ин ҷанг ҳимоят мекунанд, дар бештаре аз кишварҳои дунё ба "афроди ғайри қобили қабул" табдил шуданд.

Чанде пеш иттилоъ нашр шуд, ки ҳамаи 6 консерти овозхони русиягӣ Филипп Киркоров дар Олмон бекор шудааст. Аммо мақомоти Узбекистон монеи баргузории консертҳои Киркоров дар Тошканд нашуданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, талоши баргузор кардани фестивали русӣ дар Озорбойҷону Қазоқистон ва Узбекистон тарғиби хориҷӣ ва хоҳиши тақвияти нуфузи Русия дар ин кишварҳост.

XS
SM
MD
LG