Ссылки доступа

Як зани қирғизистонӣ баъди 20 соли истиқомати бидуни ҳуҷҷат дар Қазоқистон ба ватанаш баргашт


Шуруъ аз соли 2003 М.К.Ш., зани 56-сола, бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар Қазоқистон зиндагӣ мекард. Ба ин зани қирғизистонӣ барои ба ватанаш баргаштан кӯмак кардаанд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 30 март хабар дод.

"Сафоратҳои Қирғизистон дар хориҷ ба муроҷиати шаҳрвандон вокуниши фаврӣ нишон медиҳанд ва талош мекунанд, ки аз ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳимоят намоянд", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Зодаи Қирғизистон, М.К.Ш., соли таваллудаш 1967 дар Қазоқистон бидуни ҳуҷҷат ва дар вазъи нохушоянде қарор дошт, хабар доданд дар вазорат.

Ба иттилои Хадамоти давлатии муҳоҷирати Қирғизистон, ҳолатҳои дар Қазоқистон ба ғуломӣ гирифтани шаҳрвандони Қирғизистон ҷо дорад.

XS
SM
MD
LG