Ссылки доступа

Русия бо кумаки Чин "YouTube"-ро мебандад


Москва барои бастани портали "YouTube" дар Русия дар нимаи дувуми соли 2023 омодагӣ мебинад.

Сомонаи русии "Октагон" бидуни зикри манбаъ хабар додааст, ки дар ин замина мутахассисони чинӣ ба Москва кумаки техникӣ мерасонанд.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, 41 мутахассисе, ки аз Чин ба Русия рафтаанд, дар якоҷягӣ бо мутахассисони рус нақшаи бастани Ютубро таҳия мекунанд. Ютуб аз соли 2009 дар Чин баста аст.

Чин дар раддабандии озодии Интернет, ки ҳамасола аз сӯи созмони байналмилалии "Freedom House" нашр мешавад, дар мақоми охирин қарор дорад. Дар ин кишвар бештари хадамоти интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоии ғарбӣ баста шудаанд.

Русия ҳам дар ин раддабандӣ яке аз мақомҳои охиринро касб мекунад. "Октагон" шарҳ надодааст, ки чаро Русия мехоҳад, Ютубро бандад.

XS
SM
MD
LG