Ссылки доступа

Дар Қирғизитон бо $5,7 млн корхонаи дорусозӣ бунёд мекунанд


Девони вазирони Қирғизистон қарори сохтани корхонаи давлатии "Қирғизфарматсия"-ро коркард кардааст. Дар ин бора сомонаи девони вазирони он кишвар хабар додааст.

Ба иттилои девони вазирон, корхонаи давлатии "Қирғизфарматсия" бо ҳадафи таъмини муассисаҳои давлатии тиббӣ бо доруи арзонтар сохта мешавад.

Ба иттилои девони вазирон, Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон дастур гирифтааст, ки корхонаи давлатии "Қирғизфарматсия"-ро бо анбор таъмин кунад. Ба илова, вазорати молия дастур гирифтааст, ки давоми соли ҷорӣ барои корхонаи мазкур 5,7 млн доллар қарз диҳад.

Ба иттилои вазорати тандурустии он кишвар, дар Қирғизистон наздики 200 ширкат аз хориҷ дору ворид месозад ва дар Қирғизистон бештар аз 3200 дорухона мавҷуд аст, ки бештари онҳо дар шаҳри Бишкек қарор доранд.

XS
SM
MD
LG