Ссылки доступа

Дар шимоли Қазоқистон аз таъсиси шӯрои мардумӣ хабар доданд. Пулис тафтишро шуруъ кард


Гуруҳе аз сокинони шаҳри Петропавловск ва вилояти Қазоқистон Шимолӣ аз таъсиси шӯрои мардумӣ хабар доданд. Пулис гуфт, тафтишотро шуруъ кардааст.

Ин сокинон дар видеое, ки дар шабакаҳо нашр шуд, гуфтанд, "ба ҳамаи муассисон ва ходимони низоми идорӣ бовар надоранд". "Мо, мардум, истиқлолу ягонагии худро эълом медорем", - гуфт сокинон.

Дар саҳифаи инстаграм гуруҳи мазкур хабар додааст, ки рӯзи 19 март дар Петропавловск "ҷаласаи меҳнаткашон" бахшида ба "барқарории шӯрои мардумии шаҳр" баргузор шудааст. Дар он ҷаласа "раис" интихоб ва "эъломия" қабул ва дигар рамзҳо тасдиқ шудааст.

Нашри иттилоъ дар бораи "шӯрои мардумӣ" дар ҳолест, ки сокинони Қазоқистон аз интихоботи ахири порлумонӣ интиқод мекунанд. Бархе аз фаъолон мегӯянд, бо нишони эътироз аз натиҷаҳои интихобот ба кӯча хоҳанд баромад.

XS
SM
MD
LG