Ссылки доступа

Конститутсия нав ба Мирзиёев имкони то соли 2040 сари қудрат монданро медиҳад


Конституционный референдум в Узбекистане очень похож на предвыборную кампанию Мирзиёева, говорят эксперты
Конституционный референдум в Узбекистане очень похож на предвыборную кампанию Мирзиёева, говорят эксперты

Маъракаи тамдиди муҳлати президентӣ дар Узбекистон ба марҳилаи нав ворид шудааст. Мақомоти он кишвар маъракаи густардаеро ба роҳ мондаанд, ки ин ислоҳот сарфи назар ва таваҷҷуҳ ба нуктаҳои дигар равона шудааст.

Ин имкон, ки шаҳрвандон метавонанд, рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ хилофи қабули Конститутсияи нав раъй диҳанд баробар ба сифр аст. Конститутсияи нав ба Шавкат Мирзиёев имкон медиҳад, ки то соли 2040 сари қудрат монад.

Низоми бидуни рақобати сиёсӣ ин ихтиёрро аз шаҳрвандон гирифтааст, ки зидди ислоҳот маърака ороянд.

Дар Узбекистон фаъолони иҷтимоӣ дар навбат истода, ҳар кадоме мехоҳанд, аз ислоҳот ба Конститутсия ҷонибдории худро баён кунанд. Телевизионҳои давлатии Узбекистон аз манзили сокинон, аз варзишгоҳҳо, аз донишгоҳҳои ва дигар маконҳои оммавӣ гузориш медиҳанд, ки дар ҳамаи он гузоришҳо шаҳрвандон аз ислоҳот ҷонибдорӣ мекунанд.

Ба бовари таҳлилгарон, Конститутсияи оянда мантиқи худкомагӣ дорад.

"Ба хотири он аст, ки муҳлатҳои президентии Мирзиёев ба сифр баробар шавад ва ба вай имконият фароҳам ояд, ки ду навбати дигар президент шавад", - гуфт сиёсатшиноси муқими Бритониё Алишер Илҳомов дар суҳбат бо расонаҳо.

XS
SM
MD
LG