Ссылки доступа

Ба 7 корхонаи азими Тоҷикистон чӣ шудааст, ки зарар дидаанд?


Корхонаи истеҳсоли алюминий.
Корхонаи истеҳсоли алюминий.

Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, 7 корхонаи азими кишвар кори худро дар соли 2022 бо зарар ҷамъбаст кардаанд. Натиҷагирӣ баъди арзёбии фаъолияти солонаи 21 корхона эълон шуд. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия моҳи гузашта гуфт, ки арзёбии кори корхонаҳо пурра ба анҷом нарасидааст.

“ Пеш аз ҳама ширкати “Барқи тоҷик”, ҶСШК “Алюминии тоҷик”, ширкатҳои “Тоҷикэйр” албатта, “Тоҷиктрансгаз”, “Алюминсохтмон”, корхонаҳое ҳастанд, ки фаъолияти худро бо зарар ҷамъбаст карданд. Ин ҷо дар руйхат ҶСК НБО “Роғун” ҳам ҳаст, албатта ин чиз шояд боз таҳлил мехоҳад. Лекин ҳамин 7 корхона аз рӯи маълумотҳое, ки то имрӯз омода шудаанд, фаъолияти худро бо зарар ҷамъбаст карданд” - афзуд, ӯ.

Вазири молия таъкид кард, ки таҳқиқи нишондодҳо то моҳҳои июн-июл идома мекунад ва нишондодҳо мушаххастар хоҳанд шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” ва “Талко низ ба муроҷиати расмии мо дар ин бора посух надоданд, ки чаро солро на бо даромад, балки зарар ба поён бурдаанд. Коршиносон сабаби ба чунин нишондодҳои манфӣ ҷамъбаст кардани фаъолияти корхонаҳои азим, аз қабили “Барқи тоҷик” ва “Талко”-ро ба таври гуногун арзёбӣ мекунанд.

Коршинос Мирҳусейн Назриев, рӯзи 28-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, коррупсия дар фаъолияти корхонаҳо боис шудааст, корашонро ба зарар ҷамъбаст намоянд. “Корхонаҳое, ки фаъолияти онҳо ба барқ рабт дорад, ман гумон мекунам, ки сабаби асосиаш ин рушди коррупсия аст. Бубинед ҳамон корхонаҳое, ки шумо номбар кардед, баъзеашон барқро бо нархи арзонтарин мегиранд, баръакс ба аҳолӣ ҳар як киловат барқ бо нархи баландтар фурӯхта мешавад” - шарҳ дод, ӯ.

7 корхонаи азим солро бо зиён ба охир расондаанд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:26 0:00

Наҷибулло Раҷабов, раиси Шӯрои директорони корхонаи «Талко» дар нишасти солонаи хабарии вазорати саноат сабаби бо нархи арзонтар дастрас кардани барқро аз ширкати “Барқи тоҷик” шарҳ дод, ки ин масъала ба истифодаи технологияи куҳна рабт дорад.

Вай афзуд, ки “истеҳсолот дар ширкати “Алюминии тоҷик”, аллакай 48 сол идома дорад. Технологияяе, ки дар он ҷо амал мекунад, бисёр кӯҳнаву фарсуда шудаанд. Имрӯз онро аллакай ба пуррагӣ иваз кардан талаботи замон аст, зеро хароҷоти барқ, хароҷоти кокси нафтӣ, хароҷоти қувваи корӣ барои як тонна алюминий бисёр гарон мебошад. Фарз кардем, ки агар дар истеҳсолоти ҷорӣ барои истеҳсоли як тонна алюминий дар ширкати мо 22 ҳазор киловат бошад, дар технологияҳои замонавӣ ин нишондиҳанда ба 13 ҳазор киловат соат баробар аст”.

Вазъи молиявии "Барқи тоҷик" ширкати монополисти давлатӣ дар бозори нирӯи барқ солҳост ногувор мемонад. Намояндагони ин ширкат дақиқан маълумот намедиҳанд, ки қарзи он ба чанд расидааст. Соли 2020 ҳукумат ҳудуди 5 миллиард сомонӣ қарзи “Барқи тоҷик”-ро дар назди вазорати молия бахшид. Вале ба зудӣ қарз боз пайдо шуда, ба садҳо миллион сомонӣ расид.

Ба назари Абдулло Ашӯров, коршиноси иқтисодӣ, раҳбарони ин корхонаҳо барои фоидаовар шудани кори ин ширкатҳо аз ҷиҳати молиявӣ чандон ҳавасманд нестанд: “Чун ин ширкатҳо давлатӣ ҳастанд, яъне моли ҳеҷ кас нест, чун шаффофоият дар кори онҳо вуҷуд надорад, шеваи идораи корпоративӣ вуҷуд надорад, бинобар ин онҳо ҳавасманд нестанд, ба гумон аст, ки ба ин шеваи кор дар ин солҳои наздик муваффақ шаванд”.

Интиқоди коршиносон аз кори ду ширкати азими давлатӣ дар ҳолест, ки раҳбарони вазорату идораҳои марбута ҳангоми суҳбатҳои расмияшон аз фаъолияти онҳо ситоиш мекунанд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар соли 2022 тавлиди алюминийи аввалия дар Тоҷикистон 62 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 2,5% бештар будааст. Ба иттилои ин ниҳод, соли сипаришуда Тоҷикистон 51 ҳазор тонна ин металлро ба маблағи ҳудуди 140 миллион доллар ба хориҷ содир кардааст.

Ба иттилои “Барқи тоҷик” соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар дар маҷмӯъ беш аз 16 милиард кВт соатро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба як сол пеш 360 миллион киловат соат афзоиш ёфтааст. Ин омори ширкат ва Вазорати рушди иқтисод комилан зидди эълони Вазорати молия аст, ки соли гузаштаро барои ҳарду корхона бебарор номидааст.

XS
SM
MD
LG