Ссылки доступа

Дар Қазоқистон бекорон гирдиҳамоиро қатъ карданд


Шаби 2 апрел сокинони шаҳраки Жетибойи вилояти Мангистауи Қазоқистон гирдиҳамоиеро қатъ карданд, ки шаш рӯз давом карда буд.

Дар як навор яке аз иштирокдорони гирдиҳамоӣ мегӯяд, онҳо розигии хаттиро дарёфт карданд, ки дар он талаботи сокинон қонеъ шудааст. Сокинон талаби кор дар ширкати нафтии "Мангистаумунайгаз"-ро доштанд.

Дар посух ба ин суол, ки кай бо кор таъмин карда мешаванд, яке аз фаъолон гуфт, "рӯзи душанбе ин масъала ҳал мешавад". Расонаҳои Қазоқистон навиштанд, ки гирдиҳамомадагон пароканда шудаанд.

Наздики 100 тан аз сокинони Жетибой, ки миёнашон занону солхурдагон низ буданд, шаш рӯз талаби кор карданд. Рӯзи аввал онҳо роҳи мошингардро бастанд. Онҳо гуфтанд, ҳаққи кор дар ширкатеро доранд, ки дар наздикии шаҳракашон фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG