Ссылки доступа

Дар Тошканд ба намоиши расми "Вақте Бухороро бомбаборон карданд" иҷозат надоданд


Намоиши тасвири рассоми маъруфи узбектабор Вячеслав Охунов бо номи "Вақте Бухороро бомбаборон карданд" дар Осорхонаи давлатии санъати Узбекистон бо сабабҳои номаълум баргузор нашуд.

Ин расмро 25 март аз маҷмуаи шахсие аз ИМА ба шаҳри Тошканд оварда буданд ва ба гуфтаи ташкилкунандагони намоиш, қарор буд, он 27 март дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи шоири халқӣ Рауф Парфӣ дар Осорхонаи давлатии санъати Узбекистон дар мазҳари ом гузошта мешуд.

Вячеслав Охунов гуфт, мудири Осорхонаи давлатии санъати Узбекистон Василя Файзиева иҷозат надодааст, ки расми ӯ намоиш дода шавад.

"Фикр мекунам, барои он намоиш надоданд, ки русҳоро аз ҳад зиёд хашмгин накунанд. Зеро русҳо Бухоро, "Бухорои Шариф"-и муқаддасро, ки яке аз сутунҳои ҷаҳони Ислом ба шумор меравад, бомбаборон карданд", - гуфт Охунов дар шарҳи баргузор нашудани намоиши тасвири "Вақте Бухороро бомбаборон карданд".

Расми "Вақте Бухоро бомбаборон карданд" ахиран дар яке аз маҷмуаҳои шахсӣ дар Амрико пайдо шуд ва ҳафтаи гузашта, онро ба Узбекистон оварданд.

XS
SM
MD
LG