Ссылки доступа

Дар Қирғизистон истеъфои сардори пулиси Бишкекро талаб доранд


Гуруҳе аз фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи Қирғизистон 3 апрел бо талаби истеъфои сардори Раёсати пулиси шаҳри Бишкек Азамат Ногойбоев дар назди бинои ин ниҳод ҷамъ шуданд.

Яке аз созмондиҳандагони таҷаммуъ ва раҳбари бунёди "Лигаи ҳомиёни ҳуқуқи кудакон" Назгул Турдубекова изҳороти Ногойбоевро дар бораи қурбониёни ноболиғи хушунат "ғайрикасбӣ" ва "ҷиноӣ" номид.

Ӯ аз раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ва вазири корҳои дохилии он кишвар Улан Ниёзбеков дархост кард, ки суханҳои Ногойбоевро баррасӣ кунанд.

"Ҳолатҳои таҷовуз ба номус дар Қирғизистон нисбат ба солҳои қаблӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Ин хеле даҳшатнок аст. Ба ин, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки вазифаи худро бевиҷдонона анҷом медиҳанд, гунаҳкор ҳастанд. Бинобар ин, бигузор Ногойбоев истеъфо диҳад. Пулиси Бишкекро бояд шахсе раҳбарӣ кунад, ки аз манфиатҳои кудакони ҷабрдида ҳимоят кунад”, - афзуд ӯ.

Сардори пулиси Бишкек 31 март дар як пахши мустақим ҳолатҳои хушунати ҷинси алайҳи ноболиғонро шарҳ дода, гуфт, баъзе аз духтарони ноболиғи бедаракшуда "бо хоҳиши худ" амалҳои маҳрамона анҷом додаанд.

Дертар Хадамоти амнияти дохилии Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки изҳороти Ногойбоевро таҳқиқ мекунад. Ин изҳорот баҳсҳои тундеро низ дар шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон ба бор овард.

XS
SM
MD
LG