Ссылки доступа

Ҳазорҳо туркманистониро маҷбур доранд, аз ҳисоби худ дар "Рӯзи тандурустӣ" иштрок кунанд


Мақомоти Туркманистон ба ҳазорҳо корманд ва донишҷӯйи ин кишвар дастур додаанд, ки 7 апрел дар чорабинии дучархасаворӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ иштирок кунанд.

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ идома дошта, мақомот ҳазорҳо донишҷӯй ва корманди давлатиро ба он сафарбар кардаанд.

Бузургтарин дучархаронӣ дар шаҳри Ишқобод ба раҳбарии президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов баргузор мешавад. Ҳазорҳо донишҷӯи донишгоҳҳо ва кормандони муассисаҳои давлатии Ишқобод барои иштирок дар ин дучархаронӣ аз дарс ва кор озод карда шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъҳо, мақомот ҳамаи идораву муассисаҳоро вазифадор кардаанд, ки ба ин чорабинӣ аз 3 то 7 намояндаи худро фиристанд.

Чанд иштирокчии чорабинӣ гуфтанд, мақомот ҳамчунин раҳбарони мактабу донишгоҳҳо ва муассисаҳоро муваззаф кардаанд, ки пули либос ва дучархаи намояндагони худро ҷамъоварӣ карда пардозанд. Раҳбарони муассисаҳо дар навбати худ ин пулро аз кормандон талаб мекунанд.

XS
SM
MD
LG