Ссылки доступа

Дар Қирғизистон гирифторӣ ба бемории сурхакону сурхча меафзояд


Вакцинирање за морбили на вакцинален пункт во Скопје / Vaccine measles
Вакцинирање за морбили на вакцинален пункт во Скопје / Vaccine measles

Аз ибтидои соли ҷорӣ дар Қирғизистон 41 ҳолати гирифторӣ ба бемории сурхакон ва 6 ҳолати гирифторӣ ба сурхча сабт шудааст. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта бештар аст. Дар ин бора дар вазорати тандурустии он кишвар хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, 20 ҳолати гирифторӣ дар вилоят Ӯш, 2 ҳолат дар шаҳри Ӯш, 2 ҳолат дар вилояти Ҷалолобод, 2 ҳолат дар Чуй, 2 ҳолат дар Бодканд, 8 ҳолат дар шаҳри Бишкек сабт шудааст. Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтааст, ин беморӣ ба далели саркашии сокинон аз воксинзанӣ паҳн мешавад.

Ба иттилои ин вазорат, дар соли 2022 дар Қирғизистон ҳамагӣ 1 ҳолат, дар соли 2021 - 3 ҳолати ин бемориҳо сабт шуда буд.

Пизишкон мегӯянд, ягона роҳи пешгирӣ аз гирифторӣ ба сурхакону сурхча воксини зидди ин бемориҳо гирифтан аст.

XS
SM
MD
LG