Ссылки доступа

Белорус таҳримҳои Ғарбро тавассути ширкатҳои дар Қазоқистону Қирғизистон сабтшуда давр мезанад


ENERGY-USA/HEATINGOIL
ENERGY-USA/HEATINGOIL

Маркази таҳқиқотии Белорус (МТБ) дар таҳқиқоти наваш хабар медиҳад, ки ширкатҳои хусусӣ ва давлатии Белорус аз ҳисоби содирот ба Аврупо ҳамоно даромад ҳосил мекунанд. Белорус барои содир кардани маҳсулоти сохтмонӣ ба Аврупо аз ширкатҳои дар Қазоқистону Қирғизистон сабтшуда истифода мебарад.

Дар таҳқиқоти МТБ омадааст, ки ширкати лаҳистонии PLRBL ва қирғизистонии "Адмит" барои содир кардани тахта ба Лаҳистон шартнома бастаанд.

"Тахта аз Белорус харида мешавад. Ва ба Иттиҳоди Аврупо фурӯхта мешавад. Яке аз роҳбарони PLRBL Виталий Лешики белорусӣ инро пинҳон намекунад", - омадааст дар таҳқиқот.

PLRBL, ки фаъолияти расмиаш сохтмон ва интихоби коргарон аз Аврупои Шарқӣ аст, на танҳо дар Лаҳистон ва Литва, балки дар Қазоқистону Қирғизистон низ намояндагӣ дорад. Чубро аз Белорус мехаранд ва ба Қирғизистону Қазоқистон меоранд ва баъд коркард онро ҳамчун маҳсулоти маҳаллӣ ба Аврупо содир мекунанд.

Баъд аз ҷорӣ шудани таҳрим нисбати Белорус, содироти маҳсулоти чуб аз Қазоқистон ба Иттиҳоди Аврупо аз моҳи июни соли 2022 то январи соли 2023 қариб 173 маротиба афзудааст. Аз Қирғизистон бошад, қариб 12 ҳазор маротиба, навиштаанд муаллифони таҳқиқот.

Соли гузашта Иттиҳоди Аврупо нисбати мақомдорон, низомиён ва чанд бахше аз тиҷорати Белорус таҳрим ҷорӣ кард. Аммо ҳамоно чубу тахтаи Белорус то ба Аврупо мерасад.

XS
SM
MD
LG