Ссылки доступа

Дар Қирғизистон волидонро барои "рамазонхонӣ"-и фарзандонашон ҷарима карданд


Пулиси шаҳри Ӯши Қирғизистон мегӯяд, маъмуронаш 116 наврасеро боздошт карданд, ки шабона дур аз назорати волидон қарор доштанд.

Тибқи иттилои пулис, кудакон шабона ба "талбандагӣ" ва "рамазонхонӣ", дастаҷамъона хондани шеъри махсус дар моҳи Рамазон машғул будаанд.

Зидди падару модарони кудакон бо бандҳои "Вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба чораҳои пешгирӣ аз расонидани зарар ба саломатии кудакон, рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, равонӣ, маънавию ахлоқии онҳо" ва "Саркашӣ аз уҳдадориҳои падару модар" парванда боз шудааст.

Манбаъ афзуда, ки 53 наврас ба маркази махсуси тавонбахшии кудакон интиқол дода шуда, 14 тани дигарро ба волидонашон баргардондаанд.

Рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кудакон шабона дари хонаҳоро кӯфта “рамазонхонӣ” мекунанд.

Тибқи қонунгузории Қирғизистон, гаштугузори ноболиғон бидуни ҳамроҳии волидон аз соати 22:00 то соати 06:00 субҳ дар он кишвар манъ аст.

XS
SM
MD
LG