Ссылки доступа

Дар Қазоқистон давлат ба бунёди хон дар минтақаҳои наздимарзӣ кумак мекунад


Ҳукумати Қазоқистон эълом кард, ки тасмим дорад, нархи хонаро дар минтақаҳои наздимарзии ин кишвар арзонтар кунад.

Дар ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон 4 апрел хабар дода шуд, ки қарор аст, дар чаҳор ноҳияи наздимарзӣ барои кормандони деҳаҳо 2855 манзили иҷора бунёд карда шавад. Барои ин аз буҷа 14,3 миллиард танга (31,7 миллион доллар) ҷудо мешавад.

"Барои ҳалли масъалаи манзил дар деҳот механизми субсидияи хароҷоти корфармоёне, ки барои коргарони худ манзилҳои иҷора сохтаанд, роҳандозӣ мешавад", - хабар дод вазири саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон Марат Қарабоев дар ҷаласаи ҳукумат.

Илова бар ин, ба гуфтаи вазир, барои ҳавасмандгардонии сохтмонҳои инфиродӣ дар деҳот ҳамасола дар 22 ҳазор қитъаи замин коммуникатсияи муҳандисӣ гузаронида мешавад.

Дар Қазоқистон 65 минтақаи наздимарзӣ аст, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии аксари онҳо, ба гуфтаи раҳбарияти кишвар, дар сатҳи паст қарор дорад. Сабаб омилҳои иқтисодӣ, тақсимоти маъмурӣ ва ҳудудии номуносиб гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG