Ссылки доступа

Фестивали овозхонони русиягиро дар Тошканд бекор карданд


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон фестивали мусиқиеро бекор карданд, ки дар он бештар аз 30 овозхони "Путингаро"-и Русия мебоист, ҳунарнамоӣ кунанд. Пештар аз ин дар Озарбойҷон ва Қазоқистон низ ин фестивалро бекор карда буданд.

Дар бораи қатъи фурӯши билет ба фестивали "Жара", ки 20-21 май мебоист баргузор шавад, ширкати узбекистонӣ рӯзи 3 май хабар дод.

"Мутаассифона, вазъи кунунии дунё барои баргузор кардани чорабиниҳои бузурги мусиқӣ мувофиқ нест", - навишта шудааст дар эъломи қатъи фурӯши билетҳо.

Пештар мунтақидон навиштанд, ки ин фестивали "тими Путингароҳост" ва ҳамчун минбаре барои таблиғи ҷанги Русия зидди Украина ва президенти Русия Владимир Путин хидмат мекунанд.

Бархе аз манобеъ мегӯянд, фестивал бо дастури вазорати корҳои дохилии Узбекистон бекор шудааст.

Ташкилкунандаҳои фестивал пештар навишта буданд, чорабинии мазкур аз шаҳри Алматои Қазоқистон ба Тошканди Узбекистон кӯчонида мешавад.

Дар эъломи кӯчонидани чорабинӣ ташкилкунандагон навишта буданд:

"Эҳсосоти русҳаросӣ созмондиҳандагонро маҷбур кард, ки макони баргузории чорабиниро тағйир диҳанд: фестивали "Жара", ки мебоист рӯзҳои 9-12 март дар шаҳри Алмато баргузор шавад, ба шаҳри Тошканд кӯчонида мешавад. Сабаб - фаъол шудани русҳаросӣ миёни корбарони қазоқистонии шабакаҳои иҷтимоӣ".

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина бисёре аз овозхононе, ки аз ин ҷанг ҳимоят мекунанд, дар бештаре аз кишварҳои дунё ба "афроди ғайри қобили қабул" табдил шуданд.

Чанде пеш иттилоъ нашр шуд, ки ҳамаи 6 консерти овозхони русиягӣ Филипп Киркоров дар Олмон бекор шудааст. Аммо мақомоти Узбекистон монеи баргузории консертҳои Киркоров дар Тошканд нашуданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, талоши баргузор кардани фестивали русӣ дар Озорбойҷону Қазоқистон ва Узбекистон тарғиби хориҷӣ ва хоҳиши тақвияти нуфузи Русия дар ин кишварҳост.

XS
SM
MD
LG