Ссылки доступа

Бунёди "Сорос-Қазоқистон" сармоягузории тарҳҳои маданиро қатъ кард


Бунёди "Сорос-Қазоқистон" баъди 30 сол самти фаъолияти худро иваз ва сармоягузории лоиҳаҳои маданиро қатъ кардааст. Бунёд бо унвони "CAPS Unlock" (Central Asian Policy Studies) дар Қазоқистон аз нав сабтином шудааст.

"Дар се-чор соли охир дар ҷаҳон бисёр чизҳо тағйир ёфтанд ва метавонем бигӯем, ки фонди мо низ ба ин тағйирот мутобиқ мешавад", - гуфт Аида Айдарқулова, раҳбари пешини бунёд ва мудири иҷроияи "CAPS Unlock" 4 апрел дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Алмато.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин ба баъд модели идоракунӣ, тақсимоти маблағҳо, стратегияи кори бунёд тағйир хоҳад ёфт.

"Масъулияти мо акнун аз ташкили ҷомеаи боз ва дастгирии ҷомеаи коршиносӣ иборат хоҳад буд", - афзудааст Айдарқулова.

Бунёди "Сорос-Қазоқистон" аз соли 1995 лоиҳаҳои гуногунро маблағгузорӣ мекард, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, дастгирӣ ва рушди усули волоияти қонун, баланд бардоштани шаффофияти буҷети давлатӣ, ҳисоботдиҳии ҳукумат ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шуда буд.

XS
SM
MD
LG