Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ду телевизион баста мешавад


Телевизионҳои давлатии "Шабакаи 5" ва "Пирамида"-и Қирғизистон ба далели муфлисшавӣ барҳам дода мешаванд.

Дар ин бора муовини вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Чингиз Эсенгул уулу хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, қарори додани телевизионҳо ба идораҳои давлатӣ бекор карда шуд.

Қаблан Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон гуфта буд, ки масъалаи дар ихтиёри ниҳодҳои давлатӣ гузоштани телевизионҳои "Пирамида" ва "Шабакаи 5"-и ин кишварро баррасӣ мекунад.

Қарор буд, шабакаи телевизионии "Пирамида" дар ихтиёри "Қумтор" ё ширкати давлатии "Кыргыз Алтын" ва телевизиони "Шабакаи 5" дар ихтиёри шаҳрдории Бишкек гузошта шавад.

Телевизиони "Шабакаи 5" дар Қирғизистон соли 2005 таъсис дода шудааст. Он то соли 2010 шахсӣ буд ва баъди ҳодисаҳои апрелӣ онро давлатӣ карданд. "Пирамида" яке аз нахустин телевизинҳои мустақили Қирғизистон буд, ки соли 1994 таъсис ёфтааст. Онро низ баъди ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 давлатӣ карданд.

XS
SM
MD
LG