Тибқи иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ноҳияҳои ҷанубу шарқи Туркманистон ба ҳар як корманди давлатӣ 2-граммӣ тухми кирмаки пилла тақсим карда шудааст. Ҳар корманде, ки аз нигоҳубини он даст мекашад, бояд 150 манат (43 доллар) барои ҳар грамм пардозад.
Ба гуфтаи хабарнигор, кормандоне, ки норозигӣ баён мекунанд, бо таҳдиди ихроҷ шудан аз ҷои кор рӯбарӯ мешаванд.
Дар вилояти Марии Туркманистон ба парвариши кирмаки пилла собиқ маҳбусонро ҷалб менамоянд. Онҳо тавассути кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва пулис ба ин кор ҷалб мешаванд.
Бархе аз кишоварзон аз зараровар будани истеҳсоли пилла шикоят карда, аз парвариши он даст мекашанд. Дар натиҷа мақомот масъулияти нигоҳубини кирмакро иҷборан бар зиммаи кормандони давлатӣ вогузор ва табақаҳои гуногуни аҳолиро низ ба парвариши кирмак маҷбур менамоянд.
Мақомоти Туркманистон имсол нақша доранд, ки 2 ҳазору 300 тонна пилла истеҳсол кунанд.