Ссылки доступа

Дар Узбекистон аз ҳуҷраи донишҷӯдухтарон дурбинҳои назоратии пинҳонӣ ёфтанд


Донишҷӯдухтарони Донишкадаи омӯзгории Қӯқанди Узбекистон мегӯянд, дар хобгоҳҳои онҳо дурбинҳои назоратии пинҳонӣ насб карда шудааст.

Донишҷӯён дар суҳбат бо хабаргузории "Kun.uz" гуфтанд, ки маъмурияти донишкада 1 апрел онҳоро ба як маъракаи таблиғотӣ дар робита ба раъйпурсӣ фавран даъват карда, хостаанд, ки дари ҳуҷраҳои худро боз монанд. Ба онҳо гуфтаанд, ки мавҷи "Wi-Fi" заиф аст ва барои тақвияти он бояд дастгоҳи иловагӣ насб кунанд.

Духтарон ба ин гуфтаҳо шубҳа карда, баъди боз кардани қуттиҳои насбшуда муайян кардаанд, ки дар дохили онҳо дурбинҳои назоратӣ мавҷуд аст.

Ба гуфтаи донишҷӯён, мутахассисон гуфтаанд, ки ин дурбинҳо тавони сабту видеоро доранд ва ҳамчунин тавассути Интернет метавон наворҳоро ба дастгоҳҳои дигар интиқол диҳанд. Яъне, тавассути онҳо назорати онлайнии ҳуҷраҳо имкон дорад.

Донишҷӯдухтарон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қабулгоҳи мардумии президенти Узбекистон шикоят кардаанд. Раҳбарияти донишкада онҳоро барои шикоят сарзаниш кардааст.

Дар Вазорати маорифи Узбекистон насби дурбинҳои махфӣ дар ҳуҷраҳои донишҷӯдухтаронро тасдиқ карда, гуфтанд, тафтишоти дохилӣ оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG