Ссылки доступа

Туркия ба туркманистониҳо бо шиносномаҳои муҳлатгузашта иҷозаи иқомат медиҳад


Перечень документов для продления ВНЖ
Перечень документов для продления ВНЖ

Туркия содир кардани иҷозаи иқоматро барои шаҳрвандони Туркманистон бо шиносномаҳои муҳлатгузашта шуруъ кард. Аммо танҳо ба онҳое иҷозаи иқомат медиҳад, ки муҳри консулгарии кишвари худро дошта бошанд.

Ҳафтаи гузашта раёсати минтақаии муҳоҷирати Туркия қабули дархости иқомати туркманистониҳоеро қатъ кард, ки муҳлати шиносномаҳои хориҷиашон гузашта буд.

Ҳафтаи ҷорӣ мақомоти муҳоҷирати Туркия дубора ба туркманистониҳо ҳаққи иқомат доданро шуруъ карданд, аммо танҳо ба онҳое, ки аз консулгарии кишвари худ муҳр дарёфт мекунанд.

Ҳаққи иқомати муваққат барои ҳузури қонунии хориҷҳо дар Туркия муҳим аст.

Туркия аз ҷумла се кишваре ҳаст, ки туркманистониҳо метавонанд, қонунан онҷо ҳузур дошта бошанд.

Бино ба омори Донишкадаи туркшиносӣ, дар 18 соли охир теъдоди туркманистониҳое, ки расман ба Туркия рафтаанд, ҳафт баробар афзудааст. 113 ҳазору 449 шаҳрванди Туркманистон дар Туркия ҳаққи иқомат, 86 ҳазору 188 нафар ҳаққи иқомати муваққатро доранд.

Мақомоти муҳоҷирати Туркия гуфтанд, бино ба ҳолати ибтидои соли ҷорӣ дар он кишвар 222 ҳазору 90 шаҳрванди Туркманистон расман сабти ном шуда буданд. Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ, теъдоди туркманистониҳо дар Туркия бамаротиб бештар аз оморҳои расмӣ аст.

XS
SM
MD
LG