Ссылки доступа

Дар Қазоқистон гуфтанд, дастури Гаагаро барои боздошти Путин иҷро намекунанд


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба суол дар бораи тасмими Додгоҳи байналхалқии ҷиноӣ посух дод, ки дастури боздошти президенти Русия Владимир Путинро содир кардааст.

"Қазоқистон Статути Римро қабул накардааст, ки ҳуҷҷати созмондиҳандаи Додгоҳи байналхалқӣ дар Гаага аст. Мутаносибан, таъсири ин статут ба Қазоқистон дахл надорад ва мо ҳеч масъулияте надорем", - гуфт намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров.

Додгоҳи байналхалқии ҷиноӣ рӯзи 17 март дастури боздошти Путин ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия Мария Лвова-Беловаро содир кард. Дар қарори додгоҳ омадааст, ки Путин ва Лвова-Белова дар маҷбуран бурдани кӯдакон аз Украина ба Русия айбдор ҳастанд. Аз ин қарори Додгоҳи байналхалқӣ ИМА, аксари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Украина ҳимоят карданд. Русия Додгоҳи байналхалқии ҷиноиро эътироф намекунад ва дар фаъолияти он низ ширкат надорад.

XS
SM
MD
LG