Ссылки доступа

Дар як ҳафта қариб 140 қирғизистониро аз Русия ихроҷ карданд


Дар ҳафтаи гузашта 136 шаҳрванди Қирғизистонро барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират аз Русия ихроҷ карданд. Дар ин бора намояндаи вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон дар Русия Кубандик Акматбеков иттилоъ дод.

Ба иттилои вай, дар боздоштгоҳи муваққати Сахаровои Москва бо ҳамин айбҳо наздики 100 қирғизистонии дигар нигаҳ дошта мешавад.

"Онҷо доим наздики 100 қирғизистонӣ нигаҳ дошта мешавад. Бархе ҳолат камтар, бархе ҳолат бештар. Ахиран 136 муҳоҷири қирғизистониро аз Русия ихроҷ карданд. Ин як раванди оддӣ аст. Айни замон дар боздоштгоҳи муваққат наздики 100 қирғизистонии дигар қарор дорад", - гуфт Кубандик Акматбеков.

Дар солҳои охир Русия дар робита ба муҳоҷирон талаботи навро ҷорӣ кардааст. Акнун аз муҳоҷирон изи ангушт, ташхиси тиббӣ ва ғайра талаб мекунанд. Ин ташхисҳоро муҳоҷирон бояд дар маркази Сахарово, дар 70-километрии Москва анҷом диҳанд. Муҳоҷирон аз навбатпойии тӯлонӣ дар маркази мазкур шикоят мекунанд.

Соли гузашта аз маркази мазкур бештар аз 2 ҳазор қирғизистониро аз Русия депорт карда буданд.

XS
SM
MD
LG