Шоҳида Яъқуб, ки зодаи Узбекистон ва шаҳрванди Бритониё аст, гуфт, раҳбарияти фурудгоҳи Тошканд манъи вуруди ӯ ба он кишварро шарҳ надодааст.
"Ман ҳамроҳи ду фарзандам рӯзи сешанбе аз Лондон ба Тошканд парвоз кардем. Вақте дар нуқтаи санҷиши ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои бритониёиро пешниҳод кардам, афсар ҳамкори худро даъват кард ва онҳо хеле нигарон буданд. Онҳо ба куҷое занг заданд. Баъди 40 дақиқа афсари дигаре ба назди ман омада, гуфт, хоҳар мо наметавонем шуморо ба Узбекистон роҳ диҳем. Зеро вуруди шумо ба кишвар манъ карда шудааст. Вале фарзандҳои шумо метавонанд ворид шаванд. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки баргардем", - изҳор дошт рӯзноманигор.
Марзбонни Узбекистон сабаби манъи вуруди рӯзноманигор ба он кишварро шарҳ надодаанд. Ба гуфтаи худи Шоҳида Яъқуб, мақомоти Узбекистон ҳанӯз ҳам бозтоби куштори Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 ва қатли Алишер Соипов, рӯзноманигори мустақили қирғизистонӣ дар соли 2007 дар шаҳри Ӯш аз сӯи ӯро "фаромӯш накардаанд".
Рӯзноманигор гуфт, ҳамчунин посухи рад ба дархости ҳамкорӣ бо онҳо низ метавонад сабаби манъи вурудаш ба Узбекистон бошад.