Ссылки доступа

Манъи фаъолияти кормандони зани СММ дар Афғонистон. Шӯрои Амният ҷаласа доир мекунад


Шӯрои Амният рӯзи 6-уми апрел пушти дарҳои баста манъи фаъолияти кормандони зани Созмони Милалро аз сӯи Толибон ҷаласа доир хоҳад кард.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки Толибон ба таври расмӣ аз онҳо хостаанд, занон дар Афғонистон иҷозаи кор дар муассисаҳои ин ниҳодро надоранд. СММ хост, қарор бекор шавад.

Рамиз Алиакбаров, ҳамоҳангсози кумакаҳои башардӯстонаи СММ дар Афғонистон ва муовини раҳбари намояндаии СММ дар ин кишвар, ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, ин мамнуият нақзи санадҳои созмон аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳеч мақоме наметавонад ба Созмони Милал дастур диҳад, ки чӣ касеро ба кор бигирад ва чӣ касеро берун кунад.

Алиакбаров таъкид кардааст, СММ санадҳоро ҳаргиз нодида нахоҳад гирифт. Ӯ афзудааст, бо таваҷҷуҳ ба шинохте, ки аз ислом дорад, манъи занон аз кор қобили қабул нест.

Ҳамоҳангсози кумакҳои башардӯстонаи СММ дар Афғонистон ҳамчунон афзудааст, ки бисёре аз кишварҳои муҳофизакори исломӣ дар минтақа занонро ба идомаи таҳсил иҷоза додаанд.

Ин мақоми СММ таъкид кардааст, ки дастури нави Толибон монеи талошҳои Созмони Милали Муттаҳад барои ҷамъоварии ёриҳои молӣ мешавад. Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо буҳрони сахти иқтисодӣ рӯбарӯ аст.

Барномаи ҷаҳонии ғизо ахиран аз камбуди манбаъҳои молӣ хабар дод ва гуфт, ки агар ёриҳои лозимро дарёфт накунад, наметавонад, дар моҳи апрели имсол ба ҳудуди 9 миллион нафар дар Афғонистон кумак бирасонад. Созмони Милал хоҳони беш аз 4,5 миллиард доллар барои кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон дар соли ҷорӣ шудааст.

Ҳамзамон Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли СММ ба хабарнигорон дар Ню-Йорк гуфт, манъи фаъолияти занон дар муассисаҳои ин ниҳод аз сӯи Толибон, онҳоро бисёр нороҳат кардааст ва ончиро, ки Толибон анҷом медиҳанд, ба гуфтаи ӯ, "зарбае ба таълимот ва боварҳои исломӣ аст".

Амина Муҳаммад афзуд, бо вуҷуди ин мамнӯият, кормандони зани СММ дар Афғонистон маоши моҳонаи худро дарёфт хоҳанд кард. Созмони Милал дар Афғонистон 3300 корманди афғон дорад, ки ҳудуди 400 нафари онҳо занон ҳастанд.

Мақомҳои СММ рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки бо масъулони Толибон дар Кобул гуфтугӯ мекунанд, то бифаҳманд, ки чаро ин гурӯҳ кормандони зани ин созмонро аз кор манъ кардааст. Аммо то кунун ду тараф нагуфтаанд, ки оё гуфтугӯе анҷом шудааст ё не ва агар чунин музокироте сурат гирифт, натиҷаҳои он чӣ будааст.

Созмони Милали Муттаҳид аз декабри соли 2021 то январи соли 2023 як миллиарду сад миллион доллар аз тариқи ҳаво ба Афғонистон интиқол додааст. Ин пули нақд барои таъмини молии барномаҳои башардӯстона дар ин кишвар интиқол ёфтанд.

XS
SM
MD
LG