Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон ба интихоботи мустақими шаҳрдори Бишкек посухи рад дод


Вакилони порлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи интихоботи мустақими шаҳрдории Бишкекро рад карданд. Аз ин тарҳ ҳамагӣ 13 вакил ҷонибдорӣ, аммо 38 вакили дигар раъйи мухолиф доданд.

Моҳи ноябри соли 2022 ҷиноҳи "Алянс" дар порлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи интихоботи мустақими шаҳрдории Бишкекро пешниҳод карда буд. Яке аз ташаббускорони ин тарҳ Жанар Акаев гуфта буд, ки интихоботи бевоситаи шаҳрдори Бишкек боиси субот мегардад.

Миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ ин вакил гуфт, ки девони вазирон ба тарҳи мазкур хулосаи манфӣ додааст.

То моҳи октябри соли 2021 раисони шаҳрҳо дар Қирғизистон аз сӯи маҷлисҳои шаҳрӣ интихоб мешуданд. Номзадҳоро ҷиноҳҳои маҷлис ва сарвазир пешниҳод мекард. Аммо дертар қонуне қабул шуд, ки бар асоси он раисони шаҳрҳоро президент таъйин мекунад.

XS
SM
MD
LG