Ссылки доступа

Дар Туркманистон нафақа ва кумакпулиҳо бо таъхир пардохт мешавад


Туркманистон
Туркманистон

Сокинони баъзе аз ноҳияи Туркманистон шикоят мекунанд, ки ҳанӯз ҳам пули нафақа ва кумакпулии давлатиро барои моҳи март нагирифтаанд.

"Чаҳор рӯз гузаштааст, вале нафақа ва кумакпулиҳои давлатӣ ҳанӯз ҳам ба кортҳои бонкии мо нагузаштааст", - гуфтанд сокинон.

Масъулини бонкҳои маҳаллии Туркманистон таъхири пардохтро ба талаботи ҷорӣ дар мавриди сабти дубораи маълумоти бонкии шаҳрвандон, ки ҳар сол моҳи март сурат мегирад, рабт медиҳанд.

Вале на бонкҳо ва на Вазорати меҳнату ҳифзи иҷтимоии аҳолии Туркманистон дар бораи сабтиноми дубора қаблан эъломе нашр накарда буданд. Интизор меравад, нафақа ва кумакпулиҳо то 15 апрели имсол пардохт карда шавад.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки дар вилояти Ахали Туркманистон шаҳри нав бо номи "Арқадаг" бунёд мешавад. Харҷи он ҳудуди 5 миллиард долларро ташкил хоҳад дод ва тибқи иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, эҳтимол барои бунёди шаҳр аз маоши кормандони давлатӣ гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG