Ссылки доступа

Сокинони Қазоқистон аз давлат ҷойи кор талаб доранд


Эътирози гуруҳе аз сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки барои худ ва аъзои хонаводаашон ҷойи кори доимӣ талаб доранд, ҳанӯз ҳам идома меёбад.

Тазоҳургарон шаби 6 ба 7 апрелро дар назди бинои шаҳрдории Жанаозен сипарӣ карданд. Маъмурони пулис гуфтанд, ки иқдоми онҳо "ғайриқонунӣ аст, вале эътирозгарон посух доданд, ки қонунеро поймол накардаанд.

"Мо як талаб дорем. Он ҷойи кор аст. То моро бо ҷойи кор таъмин накунанд, эътирозро қатъ намекунем. Агар масъала ҳал нашавад, ҳамаи ҷамъшудаҳои инҷо гуруснанишинӣ эълом мекунанд", - гуфт яке аз таҷаммуъгарон.

Бино ба хабарҳо, шаби гузашта даҳҳо кас дар назди бинои шаҳрдорӣ хоб рафтаанд.

Сокинони Жанаозен рӯзи дувум аст, ки бо талаби ҷойи кори доимӣ тазоҳурот мекунанд. Мақомот то ҳол ин иқдоми онҳоро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG