Ссылки доступа

Дар Қирғизистон аз 13-солагии Инқилоби апрелӣ ёд мекунанд


Дар Қирғизистон 7 апрел 13-умин солгарди Инқилоби апрелиро дар он кишвар таҷлил мекунанд.

Дар шаҳри Бишкек бахшида ба ин санна ҳамоише баргузор шуд. Иштирокчиёни ҳаводиси апрелӣ ва наздикони қурбониён ба пояи муҷассамае, ки дар назди бинои порлумони Қирғизистон ба хотираи қурбониёни ҳодисаҳои Оқсуйи соли 2002 ва ҳодисаҳои апрели соли 2010 гузошта шудааст, гул гузоштанд.

"Мо қисман ба ҳадафҳои худ расидем. Мо адолати судӣ, дақиқ иҷро шудани вазифаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситониро талаб доштем. Мо зидди ҳукумати хонаводагӣ бархостем. Онҳо рафтанд, вале сиёсатмадорони пешин ҳанӯз ҳам дар арсаи сиёсат ҳастанд. Моро пеш аз ҳама ин ғамгин месозад, ки ҳукумати кунунӣ талош дорад, хунеро, ки Боқиевҳо резонданд, "сафед" кунад", - изҳор дошт яке аз иштирокдорони Инқилоби апрелӣ Конушбек Доолоталиев.

Дар "Ата-Бейит" бо иштироки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, президенти собиқи ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков ва мансабдорони дигар чорабиние баргузор карда шуд.

Рӯзи 7 апрели соли 2010 дар Қирғизистон дувумин инқилоби мардумӣ аз замони касби истиқлоли он кишвар рух дод, ки боиси барканории ҳукумат шуд. Инқилоби аввал дар он кишвар 24 марти соли 2005 сар зада буд.

Дар соли 2010 дар назди "Кохи сафед"-и Қирғизистон дар шаҳри Бишкек 86 одам аз силоҳи оташфишон кушта ва зиёда аз 100 каси дигар маҷруҳ шуд. Дар натиҷаи инқилоб президенти вақти он кишвар Қурмонбек Боқиев ҳамроҳ бо пайвандонаш тарки Қирғизистон кард.

XS
SM
MD
LG