Ссылки доступа

NYT: Пентагон манбаи ифшои нақшаи омодагии артиши Украинаро меҷӯяд


Пентагон манбаи ифшои маводи махфӣ дар бораи нақшаи кумак ба Киевро дар остонаи ҳамлаи ҷавобии артиши Украина ҷустуҷӯ мекунад.

Нашрияи "New York Times" бо истинод ба намояндагони баландпояи маъмурияти президенти ИМА иттилоъ додааст, ки маводи махфӣ рӯзҳои ахир нахуст дар шабакаи Твиттер ва паёмакрасони Телеграм нашр шуданд.

Дар асноди нашршуда дар бораи таркибуа аслиҳаи ҳадди ақалли баъзе аз воҳидҳои низомии Украина, ки барои ҳамла омодагӣ мегиранд ва ҷадвали интиқоли муҳимоту таҷҳизоти низомӣ маълумот дода шудааст.

"New York Times" ифшои ин аснодро бузургтарин муваффақияти ошкори хадамоти иктишофии Русия аз замони оғози ҳамлаи артиши ин кишвар ба Украина номидааст. Ҳамсӯҳбатони нашрия таъкид кардаанд, ки бештари маълумоти санадҳо аллакай куҳна шуда буд ва вазъ дар моҳи мартро бозгӯ мекарданд. Вале бо вуҷуд, Москва метавонад аз онҳо маълумоти муфидро ба даст орад. Барои намуна, дар онҳо ҳаҷми харҷи лавозимоти ҷангӣ барои низомҳои мушакии "HIMARS", ки аз сӯи артиши Украина истифода мешаванд, нишон дода шудааст.

Киев дар оғози ҷанг аз табодули маълумот дар бораи нақшаҳои худ бо Вашингтон ба хотири ифшо нашудан худдорӣ мекард. Вале вақтҳои ахир ҳамкории ду кишвар дар ин замина тақвият ёфта буд.

XS
SM
MD
LG