Ссылки доступа

Қарзи ширкати писари Бег Сабур дар Кӯлоб дубора бархост


Строительство этого многоэтажного дома в Кулябе ведет компания "Комил-2010"
Строительство этого многоэтажного дома в Кулябе ведет компания "Комил-2010"

Радиои Озодӣ ҳуҷҷатеро ёфт, ки ҳашт ширкату бино ва корхонаи вобаста ба наздикони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, беш аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ пули барқро насупоридаанд. Ин рақам то охири моҳи январи имсолро дар бар мегирад.

Қарз ба ҳисоби сомонӣ:

Сохтмони бинои баландошёна, ҶДММ “Комил-2010” – 712671,82

Хишти Кӯлоб, ҶДММ “Комил-2010” – 666108,26

Меҳмонхонаи “Чинор”, ҶДММ “Комил-2010” – 404513,32

Коллеҷи электронӣ, ҶДММ “Комил-2010” – 251094,86

Фабрикаи пояфзол, ҶСК “Нидои Кӯлоб”, ҶДММ “Комил-2010” – 248798,95

Корхонаи пахта, ҶДММ “Комил-2010” – 200330,70

ҶДММ “Мадад”, ҶДММ “Комил-2010” – 162991,15

ҶДММ “Комил-2010”, Фермаи Зарбдор, деҳаи Андароб – 11513,17

Аксари қарзро ба номи “Комил 2010” навиштаанд. Ин ширкат ба Сиёвуш Зуҳурови 30-сола, муштзан ва писари Бег Сабур, тааллуқ дорад.

Мақомот қарзи ширкатҳои вобаста ба наздикони Бег Сабурро шарҳ надоданд, аммо тасдиқ карданд, ки мардум ва корхонаҳо миллионҳо сомонӣ аз истифодаи барқ қарздоранд.

Баҳром Ҳикматзода, як намояндаи Идораи барқи Кӯлоб, чанде пеш дар нишасти хабарӣ гуфт, "дар соли 2022 дар умум 39 миллиону 792 ҳазор сомонӣ мондааст. 11 миллиону 106 ҳазор сомонӣ аз аҳолӣ, боқимонда аз ташкилоти буҷетӣ, беҳдошти замин ва корхонаҳои саноатӣ."

Кӯшишҳо барои ёфтани масъулони “Комил 2010” бенатиҷа буд. Бег Сабур низ барои шарҳи мавзуъ дастрас нест.

Бори аввал нест, ки қарзи барқу андоз ширкатҳои зери раҳбарии ӯ ва корхонаҳои вобаста ба наздиконашро ангуштнамо мекунад. Баҳром Иноятзода, раиси собиқи Кӯлоб, се сол пеш гуфта буд, ки ширкати “Комил 2010” зиёда аз чаҳор миллион сомонӣ аз андоз қарздор асту чора мебинанд. Дертар худаш боздошт ва зиндонӣ шуд.

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа, пештар дар суҳбате гуфта буд, ки пули барқу андозро дар вақташ месупоранд ва чунин мушкил ҷой надорад. ​

Намояндагони мухолифон мегӯянд, наздикӣ бо раисиҷумҳур ба Бег Сабур ва пайвандонаш “иҷоза” додааст, ки пули барқу андозро дар вақташ насупоранд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, сими барқи сокинон барои қарздории хурд зуд бурида мешавад.

Шарофиддин Гадоев, як фаъоли сиёсӣ дар Аврупо, мегӯяд, “имрӯз тамоми имкониятҳои давлатро ба манфиатҳои шахсии худ истифода мебаранд. Тамоми корхонаҳои саноатии бузург дар Тоҷикистон, ки фаъоланд ва бояд буҷети кишварро пур кунанд, ба хонаводаи раисиҷумҳур тааллуқ доранд. Мушкили калони пур кардани буҷет ҳам аз ин ҳисоб аст. Бори гарон ба гардани онҳое меафтад, ки тиҷорати хурд доранд.”

Дар идораи барқи Кӯлоб мегӯянд, номи қарздорони бузургро ба додситонӣ пешниҳод хоҳанд кард. Маълум нест, ширкатҳои вобаста ба пайвандони Бег Сабур дар ин қатор ҳастанд ё не. Шахсе, ки дувоздаҳ сол боз Хадамоти алоқаро раҳбарӣ дорад, вале ба гуфтаи худаш ба таъмини мардум бо хона дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳам машғул аст.

XS
SM
MD
LG