Ссылки доступа

Мухолифони Қазоқистон "порлумони мардумӣ" ташкил карданд


Як гуруҳ аз шаҳрвандони Қазоқистон, ки худро "порлумони мардумӣ" меноманд, 9 апрел дар боғи Ҷумҳурии шаҳри Алмато тазоҳурот баргузор карданд.

"Порлумони мардумӣ"-ро собиқ номзадҳое ташкил кардаанд, ки ба интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Қазоқистон дар рӯзи 19 март ё роҳ наёфтанд ё шикаст хӯрданд.

Додситонии шаҳр тазоҳуротро "ғайриқонунӣ" номида, аз таҷаммуъгарон хост, пароканда шаванд. Вале маъмурони пулис онҳоро пароканда накарданд ва аз дур назорат намуданд.

Созмондиҳандагони тазоҳурот гуфтанд, ки аз раис ва додситони шаҳр даъват кардаанд, ки ба назди онҳо баромада, шикояташонро шунаванд ва ба суолҳояшон посух диҳанд.

Яке аз номзадҳо ба мақоми вакилии порлумони Қазоқистон Рисбем Сарсонбойулӣ гуфт, дар интихобот пирӯз шуд, вале масъулони нуқтаи раъйдиҳӣ натиҷаҳоро сохтакорӣ намуданд. "Ин интихобот набуд, тамасхур буд", - афзуд вай.

Яке аз иштирокдорони дигар гуфт, "президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев айнан даст ба иштибоҳҳое мезанад, ки президенти собиқ Нурсултон Назарбоев зада буд". "Қудрат бояд дар дасти мардум бошад", - афзуд ӯ.

Тазоҳурот бо қабули қатъномае ба поён расид, ки дар он гуфта мешавад, порлумони нав "ғайриқонунӣ" аст ва дар Қазоқистон бояд аз нав интихобот баргузор карда шавад.

XS
SM
MD
LG