Ссылки доступа

Оқжол Маҳмудов бори севум қаҳрамони Осиё шуд


Варзишгари Қирғизистон Оқжол Маҳмудов дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии Осиё, ки рӯзи 9 апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон оғоз шуд, медали тило ба даст овард.

Маҳмудов, ки дар вазни то 77 кило рақобат мекард, дар даври чорякниҳоӣ варзишгари туркманро бо ҳисоби 9:0 мағлуб сохта, дар даври ниманиҳоӣ ба варзишгари ҷопонӣ бо ҳисоби 9:1 пирӯз шуд.

Маҳмудов бояд дар даври ниҳоӣ бо варзишгари эронӣ ба майдон мебаромад. Вале рақибаш дар даври ниманиҳоӣ осеб дид ва унвони қаҳрамонӣ ба Маҳмудов дода шуд.

Маҳмудови 24-сола бори севум аст, ки қаҳрамони Осиё мешавад. Ӯ солҳои 2018 ва 2022 низ медали тило ба даст овардааст. Дар бозиҳои олимпии Токио барандаи медали нуқра шуда буд.

XS
SM
MD
LG