Ссылки доступа

Даргузашти бибии президент. Сукути матбуоти Туркманистон


Бо гузашти як рӯз аз марги модари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури пешини Туркманистон, матбуоти раcмии ин кишвар ҳанӯз хабар надодаанд.

Ба навиштаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ, даргузашти Оғулобод-эҷе Бердимуҳаммадоваро шоми 7-уми апрел аввал сомонаи президенти Тоҷикистон нашр кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадо ва писараш, президент Сардор Бердимуҳаммадов, барқияи таслият фиристодааст. Сабаби марг ва синни модари Бердимуҳаммадов нашр намешавад.

Рустам Миннихонов, раисиҷумҳури Тотористон, рӯзи 8-уми апрел ба Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар робита ба даргузашти модараш таслият баён кардааст.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ навишт, рӯзи марги модаркалони президенти Туркманистон бо санаи таҷлили рӯзи ҷаҳонии саломатӣ рост омад.

Ба ин муносибат дар Туркманистон мусобиқаи дучархасаворӣ бо ширкати ҳазорҳо нафар ва консерту маъракаҳои ҷамъиятии дигаре ҷараён гирифт. Дар ин маросим президент Сардор Бердимуҳаммадов ҳам иштирок кард, ки қарор буд ҳафтаи оянда бо сафари давлатӣ ба Душанбе биояд.

Рӯзи 8-уми апрел оҷонси “Азия-Плюс” бо такя ба дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки сафари давлатии Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон, ки қарор буд 10-11-уми апрел барпо шавад, бо сабаби даргузашти модаркалонаш ба таъхир уфтод. Ҳамингуна ташкили форуми сармоягузории миёни Туркманистону Тоҷикистон дар дигар вақт ба нақша гирифта мешавад.

Матбуоти давлатии Туркманистон дар ин бора ҳам чизе наменависад.

Туркманистон ва Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои саркӯбгари озодии баён дар ҷаҳон мебошанд ва Туркманистон аз кишварҳоест, ки ҳеҷ як расонаи ғайридавлатӣ надорад.

XS
SM
MD
LG