Ссылки доступа

Аз оғози сол бештар 4,5 ҳазор қазоқтабор ба Қазоқистон кӯчидаанд


Бино ба вазъи 1 апрели соли 2023 4575 қазоқтабор аз кишварҳои хориҷ ба ватани таърихии худ баргашта, соҳиби мақоми кандаса шудаанд. Бештар аз нисфи ин теъдод аз Узбекистон омадаанд, хабар доданд дар вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон.

Ба иттилои ин ниҳод, 52,4 дарсад аз Узбекистон, 19,3 дарсад аз Чин, 13 дарсад аз Русия, 6,3 дарсад аз Туркманистон, 5,3 дарсад аз Муғулистон ва 3,7 дарсад қазоқтаборон аз кишварҳои дигар ба Қазоқистон кӯчидаанд.

Аз маҷмуи қазоқтабороне, ки то 1 апрел ба Қазоқистон кӯчидаанд, 69,1 дарсад қобили меҳнат, 22,3 дарсад камтар аз сини меҳнат ва 8,6 дарсад нафақахӯрон ҳастанд.

Соли гузашта мақомоти Қазоқистон хабар дода буданд, ки ҳамчун озмоиш барои дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон аз соли 2023 имтиҳони забони қазоқӣ ҷорӣ мекунанд.

Дар маҷмуъ аз соли 1991 то ин замон, ба иттилои вазорати меҳнатӣ Қазоқисон, 1 млн 111,1 ҳазор қазоқтабор ба ин кишвар кӯчидаанд.

XS
SM
MD
LG