Ссылки доступа

Дар Қазоқистон маҳдудияти содироти пиёзро қисман бекор карданд


Бо фармони вазири кишоварзии Қазоқистон аз 8 то 28 апрел манъи содироти пиёз аз он кишвар ба хориҷ бекор шудааст.

Дар хабари вазорати кишоварзии Қазоқистон омадааст, ки то 28 апрел иҷозаи содироти 20 ҳазор тона пиёз дода шудааст.

Миёнаҳои моҳи январи соли ҷорӣ вазорати кишоварзии Қазоқистон фармони манъи содироти пиёзро барои се моҳ имзо карда буд. Дар вазорати мазкур гуфта буданд, фармони мазкур ба хотири пешгирӣ аз ба таври густарда содир кардани пиёз имзо шудааст.

Ба иттилои Бюрои омори миллӣ, дар соли 2022 ҳосили пиёз дар Қазоқистон 1,1 млн тонаро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки талаботи солонаи бозори дохилии Қазоқистон ба ҳисоби миёна 315 ҳазор тонаро ташкил медиҳад.

Захираи пиёз дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 152,4 ҳазор тонаро ташкил медиҳад. Ин миқдор пиёз, ба иттилои мақомоти кишоварзии Қазоқистон, то ҳосили нав кифоят мекунад. Ба ин далел манъи содирот бекор шудааст.

XS
SM
MD
LG