Ссылки доступа

Қазоқистон содироти нафтро тавассути Озарбойҷон афзоиш медиҳад


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев баъди дидору гуфтугӯ бо ҳамтои озарияш Илҳом Алиев дар як нишасти хабарӣ гуфт, Остона мехоҳад, ҳаҷми содироти нафтро тавассути Озарбойҷон афзоиш диҳад.

"Тавре медонед, имсол бо шарофати созишҳои мо бори нахуст нафти Қазоқистон тариқи Озарбойҷон ба хориҷ интиқол дода шуд. Қадами баъдӣ афзоиши ҳаҷми содирот ва бахшидани хусусияти устувориву тӯлонӣ ба он аст", - афзуд Тоқаев.

Ба гуфтаи ӯ, иҷрои босамари "харитаи роҳ" дар бораи Долони миёна барои солҳои 2022-2027 аҳамияти бузург дорад.

"Мо ба тавофуқ расидем, ки таваҷҷуҳи афзоянда ба ин масир ва ҷалби кишварҳои севум ба рушди зербиноии он комилан муҳим аст", - иқтибос овардааст сомонаи расмии президенти Қазоқистон аз суханони Қосимҷомарт Тоқаев.

Тоқаев изҳор дошт, ки ин чораҳо ва ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ бояд интиқоли “устувору саривақтӣ” дар масири Шарқ - Ғарбро кафолат диҳанд.

Президенти Озарбойҷон субҳи 10 апрел бо сафари расмӣ вориди Қазоқистон шуд.

XS
SM
MD
LG