Ссылки доступа

Дар Туркманистон аз намозгузорон талаб мекунанд, дар ҳаққи модарбузурги президент дуо кунанд


Ишқобод
Ишқобод

Дар масҷиди ҷомеи вилояти Марии Туркманистон аз намозгузорон талаб карданд, ки дар ҳаққи модарбузурги фавтидаи президенти ин кишвар Оғулобод-эҷе Бердимуҳаммадова намоз хонанд.

Имом-хатиби Марӣ низ хост, дар тамоми масҷидҳои Марӣ дар ҳаққи Оғулобод-эҷе Бердимуҳаммадова, модари президенти пешин Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ояти Қуръон тиловат карда шавад.

Ба ҷуз ин, дар саросари вилоят то 15 апрели имсол баргузории тӯйҳо манъ карда шудааст.

Тибқи иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, нозирони роҳ дар Туркманистон ҳам аз ронандагон талаб мекунанд, ки дар мошин мусиқӣ гӯш накунанд. Мониторҳои таблиғотӣ дар шаҳрҳо хомӯш карда шудаанд.

Оғулобод-эҷе Бердимуҳаммадова рӯзи ҷумъаи гузашта дар синни 86 даргузашт.

XS
SM
MD
LG