Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Қазоқистон даъват карданд, ҳукми фаъоли шаҳрвандӣ Мамайро бекор кунад


Активист Жанболат Мамай (в центре)
Активист Жанболат Мамай (в центре)

Созмони ҳомии ҳуқуқи муқими Вашингтон Freedom Now ҳукми роҳбари ҳизби сабтношудаи Демократии Қазоқистон Жанболат Мамайро маҳкум кард. Дар ин созмон аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки ҳукми додгоҳро бекор кунанд.

Рӯзи 10 апрел додгоҳи ноҳияи Бостандиқи шаҳри Алматои Қазоқистон Мамайро дар доираи парвандаи "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 6 сол шартан маҳкум кард. Мамай айби эъломшударо рад кард.

Мудири иҷроияи созмони Freedom Now Маран Тернер дар изҳороте, ки рӯзи душанбе нашр кард, гуфтааст, ҳукм нисбати Мамай "барои водор кардани вай ба даст кашидан аз интиқоди асосноки ҳукумати Қазоқистон" содир шудааст. Тернер навиштааст, ки бо ин ҳукм Мамайро аз фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, рӯзноманигорӣ маҳрум карданд.

Мамай охири моҳи январи соли ҷорӣ "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" айбдор шуд.

Инга Имонбой, ҳамсари Мамай дар саҳифаи Фейсбук навишта буд, ки додситон нисбати Жанболат Мамай айби ташкили бетартибиҳои оммавиро дубора эълом кардааст.

Додситонӣ айби мазкурро дубора баргардонида ва Мамайро "ташкилкунандаи бетартибиҳои моҳи январи соли 2022" дар шаҳри Алмато эълом кардааст.

"Суханронии Мамай рӯзи 4 январи соли 2022 дар назди кохи "Алмато Арена" боиси авҷ гирифтани эътирозҳо шуд. Суханрониҳои Мамай дар таърихи 3-4 январ дорои талабҳои сиёсӣ буд. Суханронии Мамай аз соати 18:30 то 19:10 аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок буд, ки боиси нооромиҳо дар ҷомеа шуд", - қироат кард додситон Еркин Боймагамбетов дар ҷаласаи додгоҳӣ рӯзи 26 январ.

Муҳокимаи парвандаи Жанболат Мамай рӯзи 7 ноябри соли 2022 дар шаҳри Алматои Қазоқистон шуруъ шуд.

Мамайро рӯзи 2 ноябри соли 2022 аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Алмато озод карданд.

"Додгоҳ қарор кард, ки дар муҳлати тафтишот айбдоршаванда ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад", - омадааст дар қарори додгоҳ.

Мамайи 34-сола 26 феврали соли 2022 боздошт шуда буд. Ӯ баъди гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳуроти осоишта нахуст 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас бо гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба СИЗО интиқол дода шуд.

Фаъоли қазоқ гуфта буд, ин парванда "ангезаи сиёсӣ" дорад ва ҳадафи он фишор ба фаъолони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон аст.

XS
SM
MD
LG