Ссылки доступа

Ҳалокати як тоҷики дигари зиндонӣ дар Русия дар ҷанги Украина


Як шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст.

Пайвандонаш гуфтанд, Муҳаммадҷон Комилов 30 сол дошт ва аз соли 2021 ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ буд.

Ба нақли онҳо, ин сокини шаҳри Ваҳдат моҳи ноябри соли гузашта дар ҷанги Украина кушта шуда, вале хабари мурданаш ба онҳо дар моҳи апрели имсол расид.

Ӯро дар қабристони Ногинскийи вилояти Маскав дафн кардаанд.

То ин дам номи тақрибан бист шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, расонаӣ гардид. Ҷасади баъзе аз онҳоро ба Тоҷикистонро оварда, иддаеро дар Русия гӯрондаанд.

XS
SM
MD
LG