Ссылки доступа

Дар боздоштгоҳҳои Туркия ҳудуди 450 туркманистонӣ нигаҳдорӣ мешавад


Тақдири садҳо шаҳрванди Туркманистон, ки чандин моҳ мешавад, дар марказҳои ихроҷи Туркия нигаҳдорӣ мешаванд, норушан боқӣ мемонад.

Бунёди Туркмании Ҳелсинкӣ (БТҲ) ахиран маълумотеро дар бораи теъдоди туркманистониҳое, ки дар марказҳои ихроҷи Туркия қарор доранд, нашр кард.

Бино ба иттилои созмон, дар ҳоли ҳозир дар маркази ихроҷи "Чанкыры", дар наздикиҳои шаҳри Анқара ҳудуди 100, дар маркази шаҳри Ван 139 ва дар маркази Эрзурум ҳудуди 200 муҳоҷири Туркманистон нигаҳдорӣ мешавад.

Манбаъ афзудааст, дар Туркия 30 маркази ихроҷ фаъолият мекунад ва дар онҳо асосан шаҳрвандони хориҷие нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз сӯи пулис ба далели иқомати ғайриқонунӣ дастгир шудаанд.

Ихроҷи шаҳрвандони боздоштшудаи хориҷӣ аз Туркия дар бештари маврид ба таъхир гузошта мешавад ва тақдири онҳо давоми моҳҳо номаълум боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG