Ссылки доступа

​​​​​​​Талош барои эҳёи фарҳангу забони тоҷикӣ дар Бухоро (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Талош барои эҳёи фарҳангу забони тоҷикӣ дар Бухоро.​ Дар Бухоро мехоҳанд, бо истифода аз беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбекистон мактабҳои тоҷикиро дубора эҳё кунанд. Ҳоло дар ин шаҳри қадимӣ ягон мактаб пурра ба забони тоҷикӣ вуҷуд надорад. (видео)

- Осиё: норасоии сӯзишвории дизелӣ дар Қазоқистон. (видео)

- Ташвиши сокинон аз коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон.​ Зайниддин Убайдуллоев, сокини ноҳияи Варзоб, мегӯяд, хабари босуръат поин рафтани қурби рубли русиро шунид ва нигаронияш афзуд. Ду писараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд ва ҳар моҳ барои чархондани зиндагии оила ба ӯ рубл мефиристанд. (видео)

- Блогери қазоқистонӣ тӯли як сол расидро нигаҳ доштааст, то чи қадар гарон шудани нархҳоро нишон диҳад. (видео)

- "Мавригӣ"-ро аз Бухоро ба Тоҷикистон меоранд.​ Нишонҷон Отамуродов, ки бо таронаҳои “мавригӣ” дар Бухоро ва берун аз он маъруф аст, мехоҳад, имсол ба Тоҷикистон биояд, аммо дасти холӣ не. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар идомаи сафар ба Узбекистон ӯро аз наздик дид ва суҳбат кард. (видео)

- ​Чаро занони рус ба Аргентина мераванд? ​Бар асоси омори мақомоти Аргентина, дар соли 2022 тақрибан 11 ҳазор зани рус ба ин кишвар рафтаанд ва бисёре аз онҳо ҳам барои таваллуд. Чаро занони рус ҳазорон километр роҳро тай карда ба ин кишвари дури Амрикои ҷанубӣ мераванд, то фарзанди хешро онҷо ба дунё биёранд? (видео)

- ​Кори ҳунармандони тоҷик дар Бухоро ривоҷ ёфтааст.​ Ҳунармандони бухороӣ мегӯянд, пас аз марги Ислом Каримов дар соли 2016 ва боз шудани марзҳо маҳсули ҳунарашон харидори бештар пайдо кардааст. Онҳо ашёеро месозанд, ки сайёҳони хориҷӣ хуш доранд. (видео)

- Русия бо ёрии кӣ таҳримҳои Ғарбро давр мезанад? Дар бештар аз як соли ҷанги Маскав дар Украина, додугирифти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия афзудааст. Ин дар ҳолест, ки Русия зери бори таҳрим аст ва имкони додугирифташ бо кишварҳои аврупоӣ кам шуда. Русия ва Осиёи Марказӣ чӣ додугирифт мекунанд ва оё ин давр задани таҳрим аст ё чизи дигар? (видео)

- Ду милисаи қирғизро барои таҷовуз зиндонӣ карданд.​ Додгоҳи олии Қирғизистон, ба қазияи пурсарусадои таҷовузи як ноболиғ аз суйи милисахо нуқта гузошт. Ду милисаи собиқ, ки як духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд, то ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукм ҷомеа ва волидони ноболиғро, ки интизори эълони ҷазои сахт ба милисаҳо буданд, ҳайратзада кард. (видео)

- Чаро Озарбойҷону Тоҷикистон тиҷорати зиёд надоранд? ​Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот карданд. Раҳбари Озарбойҷон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон рафтааст. Мулоқот бо президенти Тоҷикистон, имзои чанд санад ва баргузории нишасти сармоягузорон аз барномаҳои сафари Алиев ба Душанбе буд. (видео)

- Додраси пешин айбномаи мақомотро рад кард. Муҳокимаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси машҳур ба ҳукми сафед, дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба поён расид.Ӯро нӯҳ моҳ пеш дастгир ва ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам карданд. Худаш иттиҳомҳоро рад кардааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО!

XS
SM
MD
LG